Парвардигори меҳрубон, Дорам ба дил ишқат ниҳон. Не баҳри музди он ҷаҳон, Танҳо Туро ҳастам хоҳон! // Не шӯҳрату ҷоҳу ҷалол, Не зиндагии безавол. Бар ишқи Ту, эй Бемисол, Хоҳам Туро аз ҷону дил! // Меҳрам на аз тарси азоб, Ё меҳри умеди савоб. Хоҳам диҳам меҳрат ҷавоб, Ёрӣ ба ман додӣ зиёд. // Аввал Туӣ, Масеҳи ман, Бахшидаӣ ҷон ҷои ман. Шоҳаншаҳу Худои ман, Меҳри Ту бепоён бувад. // Ман огаҳ аз анҷоми худ; Ту бо баҳои ҷони Худ Кардӣ маро аз они Худ, Дилдори ҷонони манӣ. // Дидам муҳаббатҳои Ту, Дорам хаёлу фикри Ту. Ман зиндаам барои Ту, Меҳри Ту бошад ҷовидон. //나를 세상 빛으로 O Praise The Name 有一个村庄有神的灯台 Кубаныч менен Теңирге ырдайбыз Мечта Io ti darò nǐ de guó dù shì yǒng yǒng yuǎn yuǎn Ty nás proveď ثابت فيك قلبي Yesus, Raja Damai
Song not available - connect to internet to try again?