Хушо ҳоли касоне ки ростроҳ ҳастанд, Ва ба оини Яздон рафтор мекунанд. Гувоҳиҳои Ӯро нигоҳ медоранд, Бо тамоми ҷону дил Ӯро меҷӯянд. Бадиву ноинсофӣ низ намекунанд, Бо роҳҳои неки Ӯ ба пеш мераванд. Ту фармонҳои худро додаӣ ба мо, То ки онҳоро пурра оварем ба ҷо. Кошки дуруст мебуданд ин роҳҳои ман, То дастурҳои Туро нигоҳ дорам ман. Он гоҳ хиҷилу шармсор намегардам ман, Чун ба фармонҳои Ту назар дӯзам ман. Туро бо ростии дил сипос мегӯям, Чун доварии Туро таълим мегирам. Ман дастурҳои Туро нигоҳ медорам, Парвардигоро, ҳаргиз Ту накун таркам. Ҷавон роҳашро бо чӣ покиза дорад? Бо сухани Ту онро нигоҳ медорад, Бо тамоми дили худ Туро меҷӯям. Аз фармудаҳои Ту намон дур шавам. Гуфтаи Туро дар дил нигоҳ медорам. То ин ки хилофи Ту гуноҳ накунам. Ту фархунда мебошӣ, Парвардигоро, Ту ба ман таълим бидеҳ дастурҳоятро. Ҳама довариатро баён мекунам, Ба воситаи лабҳо баён мекунам, Дар роҳи гувоҳиат ман хурсанд ҳастам, Чунон дар сарвати беҳ ман хурсанд ҳастам. Ман бар фармонҳои Ту андеша дорам. Ба сӯи роҳҳои Ту нигоҳ мекунам. Басе ҳаловат дорам аз дастури Ту, Фаромӯш намекунам суханҳои Ту.Occhi sinceri yé hé huá qǐ yǒu nán chéng de shì ma You answered me Tanrı'da Yaşıyorum Diyen Teraz z żalem wyznać muszę إله التعويضات Великий и всесильный наш Господь, yạlly̱ tʿbt mn ạlạ̉ḥzạn ạ̉sjd ạ̉mạmk ạ̉kẖḍʿ lsẖkẖṣk Я пришёл взыскать Тебя Бог
Song not available - connect to internet to try again?