Чун бар Ӯ менигарам бо ашкҳо, Ӯ ки гуфт "Манам Ҳаёту Ростиву Роҳ". Бар салибаш бардошт андӯҳу дард, Бо захмҳояш шифо бахшид, зи исён озодам кард. Эй дӯст, баҳри ту Ӯ ҷонаш фидо кард, То озодӣ бахшад туро аз чанги ғаму дард. Гуноҳат, гуноҳат бишикаст дилашро. Хуни Ӯ ҷорӣ шуд баҳри покиву шифо. Чун бар Ӯ менигарам бо ашкҳо, Ӯ ки мурд баҳри инсон бо ҳукми як шоҳ. Тоҷи хор бар сару мазлуму зор, Тарк шуда аз инсонҳо матруду ғамхор. Чун бар Ӯ менигарам бо ашкҳо, Он Холиқи ин дунё то офтобу моҳ. Дар баробари ин фикр, гӯям чунин: Танҳо Маъбуди дилам бошад Исо ба яқин.Кимсесизим Аллахъм Иса Мәсіх, тек Өзіңе табынамын Yeni Bir Hayat Имшаб зи шодиҳо дар дил шуда ғавғо На зелёный злачный луг Dio è la tua forza Haleluya Fai splender la tua luce He, lasa ny zaza malalan'ny fo! أواني من خزف
Song not available - connect to internet to try again?