Чун Исо, шоҳи шоҳон, Бо шодию шукӯҳҳо Бозгашт кунад ба ин ҷаҳон. Имондорони ҳақиқиро Сӯи Худ хонад Дар он биҳишти ҷовидон. Шукру сипос бод бар номи Исо! Танҳо умедам дар ин дунё. // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. // Вақте Худованд Исо, Мазҳари Зоти Худо Поён ояд зи осмон, Ҳамаи гуноҳкорон Дар ҳар нуқтаи ҷаҳон Гарданд тарсону парешон. Гӯянд ба кӯҳҳо: "Пахш кунед моро, Пинҳон кунед аз хашми Исо". // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. // Вақте расад ба поён Кори ман дар ин ҷаҳон, Парвоз кунам сӯи Исо . Тоҷи ҷалолам бахшад, Бо шодӣ маро гӯяд: "Эй фарзанд, назди Ман биё!" Дар нури рӯяш давам ба сӯяш, Ашки шӯр резам баҳри файзаш. // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. //Trovo in te 耶稣是谁 Kohta valkeneepi Herran päivä Jest dobrym to, co czyni Bóg Hľa, anjel Pána vznešený Սուրբ Աստված Երկնքում ạlftrẗ ạlʿạsẖrẗ Piros, zöld avagy kék ملك الملوك وجلالك Sen Olmadan Asla
Song not available - connect to internet to try again?