Эй ёри меҳрубонам, Исо, Чӯпони некам, Бишнав Ту ин дуоям, Ба даргоҳат биёям. Аз баҳри хоби ширин Чун сар ниҳам ба болин, Ҳозир Ту дар канорам, Умед ба Ту дорам. Имрӯз гоҳу бегоҳ Будӣ маро Ту ҳамроҳ. Баҳри хӯроку манзил Шукрат гӯям ман аз дил. Онон ки дӯст дорам, Дар дасти Ту супорам. Дар ҳар куҷо бошанд, Паҳлӯи Ту бимонанд. Бахшо гуноҳони ман, Муқаддас кун ҷони ман. Дар роҳҳои тангу тор Бошӣ маро Нигаҳдор. Охир ки ман аз дунё Сӯят равам, Худоё. Назди Ту ҷо бигирам, Аз лутфат кун қабулам.تعليق 3 Намайг өөрчлөөч Každý nový deň Tapınağın Gibi Yap Beni Почни з нуля Senga Hamdu Sano Kuylayman Бог воскресением Сына hạfḍl ạ̉htf ạ̹n fạḍ qlby bạlslạm ạ̹ẓhr ʿjạybk
Song not available - connect to internet to try again?