Эй Шоҳи шоҳони ҷаҳон, Эй Нури чашми ақлу ҷон! // Бар тахти дил султон Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ. // Эй Нури чашми ошиқон, Эй Холиқи кавну макон! // Эй Ромиши ороми ҷон, Исо - Худовандам Туӣ! // Мусо ба фармони Ту шуд Солики саҳрои наҷот, // Довуд ба дил иқрор кард, Исо - Худовандам Туӣ! // Ҳамчун баҳор андар чаман, Ҳам рӯҳу ҳам райҳон Туӣ! // Шабнам Туӣ, насрин Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Дар ҷисми мо чун ҷон Туӣ, Дар ҷонҳо ҷонон Туӣ! // Сурат Туӣ, маъно Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Ту ҷисмро ҷон медиҳӣ, Чашму аёнро медиҳӣ. // Ҷонро Ту сомон медиҳӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Ҷӯён будам ман солҳо, Ҳам дар замин, ҳам дар само. // Чун боз кардам дидаро Дидам - Худовандам Туӣ! // Ҳам Ҳайю ҳам Боқӣ Туӣ, Ҳам Соқии мардум Туӣ! // Ҳам манну ҳам Нони ҳаёт, Исо - Худовандам Туӣ! // Зиндагии ҷовид Туӣ, Раҳмати бекарон Туӣ! // Ташнаи файзи Ту манам, Исо - Худовандам Туӣ! // Ошиқи бӯи Ту манам, Пайрави роҳи Ту манам. // Ҳодию Султонам Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Фатҳу футӯҳи ман Туӣ, Киштии Нӯҳи ман Туӣ! // Шуста ба хуни Ту манам, Исо - Худовандам Туӣ! // Шодии рӯҳи ман Туӣ, Роҳати ҷони ман Туӣ! // Кист ҳарифи меҳри Ту? Исо - Худовандам Туӣ! //عندما ادخل مخدعي Благодарю Тебя Господь за хлеб พระผู้ไถ่แห่งชีวิต Tvoje Láska je ... НАД ВЪЛНИТЕ Мақсаты жоқ адамдар Склонился день к закату Дуйдук Татлъ Езгилер Jeg er en av de få Не вставайте так быстро с молитвы
Song not available - connect to internet to try again?