Эй Худои ман, фаромӯшам макун, Хастаҷону хонабардӯшам макун. Рӯи Худ аз ман магардон, эй Ҳабиб, Инчунин аз ғам сияҳпӯшам макун. Фикрам озорам диҳад ҳар рӯзу шаб, Бо парешонӣ ҳамоғӯшам макун. Барбигардонам зи хоби марг боз, Эй Худо, бо қаҳр хомӯшам макун. Душманон шодӣ кунанд аз дарди ман, Аз лаҳиби дард дар ҷӯшам макун. Файзи рӯҳонӣ ҳамехоҳам, бидеҳ, Яъсро овезаи ғӯшам макун. Дар дуо раҳмат талаб дорам зи Ту, Ранҷаву беҳолу беҳушам макун. Месароям ман ба васфат бор-бор, Ҳон, наҷотам деҳ ва мадҳушам макун. Эй саропо хубиву некӯсиришт, Заҳри неши маргро нӯшам макун.Kelgin yuraklar kutmoqda Тьма нависла над всею Вселенною Canten del Amor de Cristo بسهر وصلاة Lazao, lazao, rankizy Iltijo Ó, Bože, Ty si daroval ليك فى قلبي Yüreğimi Döktüm ạ̹wʿy̱ tạ̉jl wtqwl bkrh
Song not available - connect to internet to try again?