Масеҳо султони меҳру муҳаббат, То абад масҳ шуда бо файзу раҳмат, Бо Падар аҳд баста то бахшад наҷот, Баҳри ташнаи Ӯ диҳад оби ҳаёт. Барраи Худо ғолиб шуд бар дунё, (3 бор) Масеҳи Худованд бар мавту гуноҳ. Шаётин меларзанд аз исми Исо, Девҳо низ метарсанд аз мунҷии мо, Чун номи маҷидаш бошад беҳамто, Бо хунаш харида озодии мо. Ҳама гуноҳкорон ба худ биоед, Дунёро дар умқи ҳалокат бинед, Иддаи касири бе наҷот мурданд, Аз дунёи фонӣ суде набурданд. Бо абрҳо ҳамеояд Шоҳи Шоҳон, Бо ҷалолу шукуҳу фариштагон, Аз адолат пур созад Ӯ дунёро, Доварӣ намояд гуноҳкоронро. Масеҳо султони меҳру муҳаббат, (3 бор) То абад масҳ шуда бо файзу раҳмат.Al mirar, oh Dios, mi senda رجعني ليك Temu, który ma НАД ПЛАНИНИ И ДОЛИНИ สำแดงพระสิริ Show Me Your Glory Metti gioia 主我一跪下 Ты со мной навсегда Si acudes a Jesús hái yào yuǎn xíng
Song not available - connect to internet to try again?