Баҳри фардо наандешам, имрӯз бо Ӯ роҳ равам, Ояндаам дар дасти Ӯст, ҳар рӯз бо Ӯ шод шавам. Ғами фардоро нахӯрам, чун ба Ӯ имон дорам, Ҳаётам бошад дар Исо, Ӯ донад ояндаам. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям. Ҳар қадаме ки мемонам, донам фардоям зебост, Борҳо аз дӯшам меғалтанд, офтоб дар паси абрҳост. Дар нури он шамси тобон ашкҳоям поён ёбанд, Зиндагиям ба сар расад, само равам то абад. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям. Баҳри фардо наандешам, шояд фақр ояд сӯям, Ӯ ки сер кунад махлуқаш, медиҳад хостаҳоям. Гар киштии зиндагиям бигзарад аз тӯфонҳо, Донам, дар амну амонам - Ӯ бо ман аст дар ҳар ҷо. Тарсе аз фардо надорам, гарчи даркаш накунам, Лекин як чизро медонам: Ӯст соҳиби фардоям.City On Our Knees شكون كان يقول Ja verím 好牧人 ทางเดียว เยซู Nu ne lasa sa ne-ndoim Nunca dudéis del amor de Dios Сияй во мне Иисус Alma querida en dónde vagas Тыныш, тыныш
Song not available - connect to internet to try again?