Бандгардон: Бимон бо ман, Худои меҳрубон, Роҳам торик аст, пас бо ман бимон. Чун дур шаванд ёрону ёварон, Эй Дӯст, ба як сон бо ман бимон. Ин зиндагӣ расад зуд ба поён, Нест шаванд хушиҳои ин ҷаҳон. Ту имрӯзу фардо ҳастӣ ҳамон, Худои ҷовидон, бо ман бимон. Ба Ту мӯҳтоҷам ҳар рӯзу ҳар он, Ҷуз Ту нест кас, ки дур кунад шайтон. Кист мисли Ту, ки бошад пуштибон, Дар ғаму дар шодӣ бо ман бимон. Дар торикӣ салиби Туст тобон, Дар вақти ғам маро кунад шодон. Раҳбар ҳастӣ ба сӯи осмон, Дар маргу дар ҳаёт бо ман бимон.As A Parched Land Thirsts for Water வாக்குறைத்தவரே فرحي لما يسوع Tu eşti lumina ce-mi da speranţă Розы Con Poder Quel bonheur d'être en famille الساكن في ستر العلي قد ملك الرب الاله Ийса Патша
Song not available - connect to internet to try again?