Вақте дилшикаста, гаронбору хаста, Дар зулмоти гуноҳ гумгашта, Пеши чӯби азобаш афтодам пушаймон, Аз он ҷо тобид нури имон. Масеҳо, Масеҳо, нурат бар ман тобид, Маро аз гуноҳон раҳонид, раҳонид. Масеҳо, нигоҳат, он меҳру сафоят Маро бахшид шодию ҳаёт. Будам мискину кӯр, лекин пур аз ғурур, То бори гуноҳам шуд ошкор. Он гоҳ ман ба пои он Мехкӯб афтодам, Он ҷо аз зулмот кард озодам. Ҳоло зулмот гурехта, бандҳоям шикаста, Тулӯъ карда Исо дар дилам. Масеҳо, нигоҳам ба нури рӯи Туст, Наҷотам аз файзу раҳми Туст.Сьозюню Динлер, Уйгуламазса whạnmlk ạrḍ ạlmwạʿyd Сен Севгисан Худо Dengar Panggilan Tuhanmu Рəббим, сусамышам су ахтаран марал кими ạlrb ly rạʿ 殷勤的利百加 يا سيدي اختبرني Tvoj obraz Оо, кандай бакыт
Song not available - connect to internet to try again?