Гар лутфи Худо набуд бар мо, Селоб рабуда буд моро. Душман чу паланги тездандон Тороҷ намуда буд моро Тороҷ намуда буд моро Душман, ки ба қатли мо камар баст, Дар куштани мо чӣ нотавон гашт. Бишкаст Худо ду бозуи ӯ, Шармандаи мардуми ҷаҳон гашт. Чун мурғи зи дом вораҳида, Ҷонҳои азобдидаи мо. Эмин зи ҳароси марг гашта Ин ҷисми ситамкашидаи мо Ин ҷисми ситамкашидаи мо Сад бор муборакат бихонем, Эй Мунҷии ҷони мо, Худоё. Гар дасти муқаддасат намебуд, Буд тира ҷаҳони мо, Худоё. Ту Холиқи кулли олам ҳастӣ, Дорем ба Ту таваккал аз ҷон. Орем ба ҷо иродаатро, Ҳастем ҳамеша таҳти фармон Ҳастем ҳамеша таҳти фармонWe Want To See Jesus Lifted High Show me Your Ways ạ̹n qwty klmạ nfsy yjwʿ fy qlby Vítame ťa, sväté Dieťa Дуа илаһиси هاتكلم عن صفات يسوع الحلوة Rabbimiz Aramızda Кто я Господь Мой для Тебя Великий Бог коли на світ погляну
Song not available - connect to internet to try again?