Дар васфи Худо шому саҳар нағма сароед, Ӯро ҳама ҷо бо дилу бо ҷон биситоед. Ӯро, ки бузург асту тавоност ба ҳар кор, Бо хандаву бо рақс ситоиш бинамоед. Бо ҳамду сано бар лабу ҷон ташнаи дидор Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед. Бо ҳамду сано бар лабу ҷон ташнаи дидор Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед. Бо сози дафу чангу навои найи ҷонсӯз Рақсону ғазалхон ҳама аз хона бароед. Ҷоне ки Худо дода шуморо, бигузоред Андар қадамаш, в-арна кӣ ҳастеду куҷоед? Эй поксириштон, зи Худо файз биҷӯед, Лутфу карамашро, ки сазовор шумоед Эй нағмасароёни хушовоз, бихонед Тасбеҳ Худоро, ки шумо қавми Худоед.فرحان بيك Už viac nie som strachu otrokom Rabbim Iso, hamdu sano Senga Gdy pokój niebieski Глубина Croce Əgər mən insan Киелі Адонай, қасиетті Pobudź Panie mnie Тенгинг йўқ
Song not available - connect to internet to try again?