Дар ин дунёи беканор одамон нотавону зор, Ҷангу қаҳтию тӯфонҳо ҳайрон карданд пиру ҷавон. Дилҳо дар вазъи изтироб, оянда гашта чун сароб, Абри тира дар осмон ғолиб омад бар ин ҷаҳон. Оре, Масеҳ, бозгашт намо, Оромию умеди мо. Равем бо Ту сӯи само. Оре, Масеҳ, оре, Масеҳ, бозгашт намо! Фармони Ӯро бишнавед, Каломаш ҳар ҷо расонед, Фурсат набошад беш аз ин пеш аз зуҳури Тахтнишин. Фармон дод Ӯ - бедор шавед, интизорӣ ба сар расид, Сӯи абрҳо нигоҳ кунед, Писари Худоро бинед. Ин аст умеди пурҷалол, к- Ӯ зуд ояд вақти малол, Пок намояд ашки ғамро зи чашмони гирёни мо. Ҷафоҳо поён пазиранд, шодиҳо ҷойгузин шаванд, Парвонавор ба даври Ӯ гардему болу пар занем.هَر تۇ پیروز ي Yo te amo Señor Jaraba Ta Shaiɗan, Ƙi Yarda da Shi Cerco te Ҳочда ўлим кўрганга yswʿ yʿml mnk Criss Vs Devil Święty, święty, święty Dans le silence de la nuit V nadhviezdnej výšine
Song not available - connect to internet to try again?