Дар шаъни Худои худ ҳамеша, Эй некдилон, тарона хонед. Ҷӯед зи дил ризои Ӯро, То рози каломи Ӯ бидонед. Ҳар созу сурудро ба шодӣ Тақдими Худои худ намоед. Бо сӯзу навои барбату уд Ҳар лаҳза суруди нав сароед. Кирдори Худо ҳақиқати маҳз, Адл аст нуҳуфта дар каломаш. Инсоф писанди хотири ӯст, Некӣ ҳама дар шукӯҳи номаш. Аз файзи каломи Ӯст пайдо Инсону замину осмонҳо. Баҳре ба даруни машк гунҷад Аз ҳикмати он Ҳакими доно. Тарсед ҳама зи ҳайбати Ӯ, Ӯ Қодири Мутлақи ҷаҳон аст. Ӯ ҳаст намудааст моро, Ин воқеа бар ҳама аён аст. Андешаи қавмҳои дунё Нақше ки бар об гашта пайдо. Гум гашта зи баъди лаҳзае чанд, Ҳаргиз нашавад дигар ҳувайдо. Чизе ки ҳамеша мондагор аст, Ин фикри Худои меҳрубон аст. Поёни ҷаҳон фаро расад гар, Гум менашавад, ҳамеша он аст. Аз авҷи фалак назора дорад Моро, ки нишаста дар заминем. Донад ҳама он чи дар дили мост, Огоҳ аз он ки мо чунинем. Ку он ки ба қуввати худаш гашт Ғолиб ба тамоми душманонаш. Гар шоҳ ва ё ки паҳлавон аст, Ҳеҷ асту на чизе дар тавонаш. Ӯро, ки Худош менахоҳад, Не аспу на лашкаре раҳонад. Ҳар кас, ки наҷотро биёбад, Ин рози нуҳуфтаро бидонад. Онро, ки ҳарос дар дилаш буд, Эҳсони Худо фаро гирифташ. Дорад ба Худо таваккал аз дил, Дар дасти Худост сарнавишташ. Моро ба Худои мо умед аст, Ӯ ҳофизи ҷони мост доим. Мо такя ба Ӯ кунему моро Дорад ба сулуки Хеш қоим. Эй Бор Худои молики ҷон, Аз раҳмати Худ бибахш моро. Дар номи муқаддаси Ту хонем Ҳар бору ҳамеша ин дуоро.جاي يا ربي Если сила твоя اسەم اۋەن تآمل - ربنا موجود ywm sʿyd అదే అదే ఆరోజు యేసయ్యా Ren og rettferdig, himmelen verdig خۇدا، سەن مېنىڭ ئاتام Эзэний минь энэрэл tạ̉ml 1 - fryq lmn ydʿwh
Song not available - connect to internet to try again?