// Исо, дӯсти равонам, зиндакунандаи ҷонам! Ғайр аз Ту дар ду олам набвад паноҳи ҷонам. // // Гар аз кашокаши даҳр доим дар имтиҳонам, Бо номи қуддуси Ту худро аз он раҳонам. // // Бар баҳри зиндагонӣ ором чу киштироне. Оромам, гарчи ояд тӯфони ногаҳонӣ. // // Шодам аз он ки дорам ҳамчун Ту пуштибоне. Донам, ки Ту саломат бар бандарам расонӣ. // // Эй Чашмаи ҷалолат, в-эй Манбаи адолат, Бар даргаҳат надорам ҷуз тавбаву хиҷолат. // // Овора банда будам, гумгашта дар ҷаҳолат. Лекин маро зи раҳмат бираҳондӣ аз залолат. //ạ̉ḥly̱ ḥbyb СЕНДИЙ АДА БАР БЕДИ لولا النعمة Радуйтесь и ликуйте Cu inima şi gura mea Boże mój, który widzisz Вот иду сказал Он Звезды расступились فلتشهدي يا شمس الرب نوري وخلاصي
Song not available - connect to internet to try again?