Масеҳо, Туӣ нону ҳам чашмаи ҳаёт, Ҳодӣ ба сӯи ҳаққу ҳодии наҷот. Туӣ Писари ҷовидонии Худо, Танҳо шафеи осиён андар само. Танҳо шафеи осиён андар само. Туӣ умеду зиндагиям, Масеҳо, Танҳо бо файзи Худ нигаҳ дорӣ маро. Дар ман набошад ҳеҷ савобе ҷуз хато, Ту бахшӣ дарди ҷисму рӯҳамро шифо. Масеҳо, Туӣ нуру Калимаи Худо, Бартар зи фавҷи малоику анбиё. Инак, қудрати осмон дар дасти Туст, // Маргу ҳаёти мо фақат бо хости Туст. // Масеҳо, дар интизори бозгашти Туам, Ҳар дам хоҳони дидори рӯи Туам. Бигзор, ки бошам дар биҳишт наздики Ту, // Доим сароям ҳар ҷо шукру ҳамди Ту. //Вечный Бог нам явил любовь ميدلي ترانيم أطفال Ես Որոշել եմ fy̱ byt lḥm جامعىر zài gǔ zhōng wǒ yù jiàn nǐ nǐ ná shén me bào dá yé hé huá Stupenda Grazia Tu es l'auteur de mon bonheur Ritornerà
Song not available - connect to internet to try again?