Омадӣ, хуш омадӣ, маҳбубам Исо; Ба хонаи торики дил, Писари Худо. Умре буд, монда будам танҳои танҳо, Ҷудо будам зи шодӣ, канори ғамҳо. // Аммо имрӯз даруни дил Туро дорам, Дар ин дунё наҷот зи дасти Ту дорам! // Ёдам ҳаст, он вақтҳо ғам дар дилам буд, Ин дили хурдтаракам асири ғам буд. Занҷири шайтон рӯи дасту поям буд, Маро аз Худои ман ҷудо карда буд. // Аммо имрӯз даруни дил Туро дорам, Дар ин дунё наҷот зи дасти Ту дорам! // Ифтихори азиме насибам шуда, Ки Султони дили ман Худованд шуда. Дӯстат дорам, Масеҳо, Маҳбуби Худо! Замоне ман ғарқ будам дар умқи гуноҳ. // Аммо имрӯз даруни дил Туро дорам, Дар ин дунё наҷот зи дасти Ту дорам! //O, uczyń mnie Panie Кто я такой ạ̉smk dhn mhrạq كان عايش زينا Дверь Ҝөјлəр Сəнə Архадыр Až potud nám pomáhal mạfysẖ ṭryq tạny Рождество Solo a Te
Song not available - connect to internet to try again?