Эй Наҷоткору Шоҳи ман, Туӣ фақат дилхоҳи ман! Хунат рехтӣ дар роҳи ман, Пок намудӣ гуноҳи ман. Ҳалок будам бидуни Ту, Наҷот ёфтам дар хуни Ту! Вуҷуди ман қарздори Ту, Чун қурбон гаштӣ баҳри ман. Аз баҳри ман маслуб шудӣ, Чун хатокор маҳсуб шудӣ! Дар қалби ман маҳбуб шудӣ, Ба салиби Туст чашми ман. Ҳидоятам Каломи Туст, Адолатам эҳёи Туст! Саодатам дар номи Туст Дар ин умри кӯтоҳи ман. Дар шаби тираву торам Туӣ ситораи нурам, Дар водии марг масрурам, Чун Ту ҳастӣ ҳамроҳи ман. Ҳидоятам Каломи Туст, Адолатам эҳёи Туст! Саодатам дар номи Туст Дар ин умри кӯтоҳи ман.Szívem mindörökké áld Всемогущий Бог Израилев How deep the Father's love for us Кто бы дал мне орлиные крылья sd ʿlynạ ạlận (ạ̉nt mlyknạ) Все небеса хвалят Христа تعال قوام وخذ غفران Как славен е Господ lys lnạ yạ rb lys lnạ Как тропинкою лесною
Song not available - connect to internet to try again?