Ҳамчу оҳу медавам бар сӯи об, Ҷони ман муштоқи дидори Худост. Ташнагӣ меорадам дурӣ зи Ӯ, Ташнаро оби фаровон муддаост. Ҳон, магӯедам Худои ту куҷост? З-ин сухан ақлам дигаргун мешавад. Ашк менӯшам шабонгоҳ ҷои об, Дил даруни синаам хун мешавад. Рӯзҳои ид бурдам халқро Ҳамдгӯён сӯи даргоҳи Худо. Менадонам ман, чаро дармондаам, Инчунин ошуфтаҳолу бенаво. Ҷони ман, озурдаву ғамгин мабош, Ноумед аз раҳмати Эзид мабош. Ӯ ҳамебахшад гуноҳони туро, Рост бошу сӯи бадкорон марав. Эй Худо, андар диёри ғурбатам Дард ҳуҷум орад зи ҳар сӯ бар сарам. Мавҷи дарёҳои хашмолуд низ Ғам фурӯ боронда бар бому дарам. Сарзамини Урдун акнун ҷои ман, Кӯҳи Ҳермӯнрову Мисъарро нигар. Ёд меорам Туро з-ин ҷо мудом, Эй Худо, Парвардигори додгор. Рӯз бархурдорам аз эҳсони Ту, Шаб ҳамехонам суруде бар забон. Аз самими дил дуоят мекунам, Эй Худо, эй Кирдигори меҳрубон. Таънаву дашномҳои душманон Хаставу мадҳушу ҳайронам кунад. Гар бигӯяндам: "Худои ту куҷост?", Ин дигар якбора вайронам кунад. Сахраи ман мешавӣ Ту, эй Худо, Гар шавад душвор бар ман зиндагӣ. Мунҷии ман, роҳбару ғамхори ман Дар мусибатҳову дар дармондагӣ.قد رأيت دمع عيني a Ó Pane, nie som hodný yạ yswʿ ạ̉nt ʿly̱ ạlṣlyb Un Destello de Tu Gloria yạmn bḥḍwrh Herre i glans av Ditt Majestet 有一个地方 Pánovi znej spev našej chvály a v srdci plesaj každý z nás! Hľa, tu je dom, v ňom stále s nami sa stretať chce Pán a Boh náš Загалмай уруу Бог дойде и ме намери
Song not available - connect to internet to try again?