Боз меоям, Худовандо, назди Ту, Масеҳи ман. Боз меорам дардҳоямро дар дуо, Худои ман. Назди Ту меоям боз, карда дарди дилам роз, Ту ҳастӣ Умеду Соҳибам. Ту Хуршеди умри ман, Худованду Нури ман, Паноҳу Бахти ҳаёти ман. Дар берун сарду тӯфон аст, ҳоли ман имшаб чунин. Чун баҳорон серборон аст, ашки дили ман чунин. Нидоям сӯи осмон, бар Ту мекунам фиғон, Кун дардам осон, Худои ман. Ки дар ин зарби рӯзгор бемораму бемадор, Ман хаста ва нотавон шудам. Ҳар дуо бо Ту хушӣ аст дар ҳузури Рӯҳи Ту, Дарди ман фаромӯшӣ аст - қувватам мебахшӣ Ту. Аз Ту мехоҳам танҳо дар шодӣ ё сахтиҳо Дасти Ту бар дӯши ман бошад. Ҳангоми бенавоӣ бар шубҳа надеҳ роҳе, То вориди ҳуши ман бошад.По- близо! kẖly ḥyạtk tsẖhd ʿnk الله نورى وخلاصي Men Seni kuylayman Rabbim Iso 我们团结起来力量大 LUNGLAWMMI HNA RA TUAH U لا أنسي يوما سيدي عند الصليب Авана друг молодых Когда вечер наступает Что же ты сегодня снова в своём сердце
Song not available - connect to internet to try again?