Худоям замину замон офарид, Аз ин бартар Ӯ осмон офарид. Ҷаҳонро ба нуре мунаввар намуд, Чу хуршеди партавфишон офарид. Чӣ розе нуҳуфтаст дар кори Ӯ, Ки аз абр рангинкамон офарид. Ба гарданда гардун шабу рӯзро Зи торику равшан нишон офарид. Ҳар он чи ки бинӣ ба дунё, аз они Ӯст, Ки ҳам зарра, ҳам Каҳкашон офарид. Нагунҷад бузургиш дар фикри мо, Худ огоҳ зи он чи ки он офарид. Басират ҳамебахшад аҳкоми Ӯ, Каломи сафобахши ҷон офарид. Хушоянду некӯст фармони Ӯ Ки онро чу дурри гарон офарид. Худо пок созад маро аз гуноҳ, Наҷотам ҳаме ройгон офарид. Чу тавба кунам, бахшадам бор-бор, Зи тавба ба ҷонам тавон офарид. Чӣ ҳаққу чӣ адл аст гуфтори Ӯ, Ки Худ ин ҳама ончунон офарид. Ситоиш кунам Холиқи хешро, Ки бар ман чӣ хуш посбон офарид. // Намонад ба дунё касе пойдор, Ба гул низ фасли хазон офарид. Бувад Мунҷии ман, паноҳгоҳи ман Худое ки ҷону ҷаҳон офарид. //Бог моя сила Тебе я пою Как устали в пути мои ноги идти Când zorile revarsă Je te louerai Небеса так близко прямо надо мной В палестине Царь родился в те далекие года, ạ̉rwḥ bḥmly lmyn Sen Sevgi Baht Quvonch Тюм Гьокйюзю Praat ek mense, eng'letale - met bridge
Song not available - connect to internet to try again?