Забури Довуд Таронаи якум Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад; Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад; Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт. Шарирон чунин нестанд, балки монанди пари коҳанд, ки онро бод пароканда мекунад. Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост; хатокорон низ дар ҷамоати одилон, Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд. Омин.استرني ربي More Than Life Урагш алхах зориг минь Та І потік той, що звідти прибуває ldẖlk sr qlby Илиястын күндөрү келди Již mnoho let Земля подножие ног Твоих جۉرۅگۉمدۅ داڭقتال، تەڭىر Isaoranay Jehovah Tomponay
Song not available - connect to internet to try again?