Ҳамчу оҳу медавам бар сӯи об, Ҷони ман муштоқи дидори Худост. Ташнагӣ меорадам дурӣ зи Ӯ, Ташнаро оби фаровон муддаост. Ҳон, магӯедам Худои ту куҷост? З-ин сухан ақлам дигаргун мешавад. Ашк менӯшам шабонгоҳ ҷои об, Дил даруни синаам хун мешавад. Рӯзҳои ид бурдам халқро Ҳамдгӯён сӯи даргоҳи Худо. Менадонам ман, чаро дармондаам, Инчунин ошуфтаҳолу бенаво. Ҷони ман, озурдаву ғамгин мабош, Ноумед аз раҳмати Эзид мабош. Ӯ ҳамебахшад гуноҳони туро, Рост бошу сӯи бадкорон марав. Эй Худо, андар диёри ғурбатам Дард ҳуҷум орад зи ҳар сӯ бар сарам. Мавҷи дарёҳои хашмолуд низ Ғам фурӯ боронда бар бому дарам. Сарзамини Урдун акнун ҷои ман, Кӯҳи Ҳермӯнрову Мисъарро нигар. Ёд меорам Туро з-ин ҷо мудом, Эй Худо, Парвардигори додгор. Рӯз бархурдорам аз эҳсони Ту, Шаб ҳамехонам суруде бар забон. Аз самими дил дуоят мекунам, Эй Худо, эй Кирдигори меҳрубон. Таънаву дашномҳои душманон Хаставу мадҳушу ҳайронам кунад. Гар бигӯяндам: "Худои ту куҷост?", Ин дигар якбора вайронам кунад. Сахраи ман мешавӣ Ту, эй Худо, Гар шавад душвор бар ман зиндагӣ. Мунҷии ман, роҳбару ғамхори ман Дар мусибатҳову дар дармондагӣ.Светът Ми Се Смее ạ̉qbl lmftdy ạlạ̉yạm ТОВА ДНИТЕ СА НА ИЛИЯ صلاة الروح frḥt qlby hái yǒu yī chéng lạ tkẖf Гьоктеки Тахтънъ Бъракъп Да ynbwʿ jwd mn dm ạlfạdy bạrky yạ nfsy ạlrb
Song not available - connect to internet to try again?