Парвардигори меҳрубон, Дорам ба дил ишқат ниҳон. Не баҳри музди он ҷаҳон, Танҳо Туро ҳастам хоҳон! // Не шӯҳрату ҷоҳу ҷалол, Не зиндагии безавол. Бар ишқи Ту, эй Бемисол, Хоҳам Туро аз ҷону дил! // Меҳрам на аз тарси азоб, Ё меҳри умеди савоб. Хоҳам диҳам меҳрат ҷавоб, Ёрӣ ба ман додӣ зиёд. // Аввал Туӣ, Масеҳи ман, Бахшидаӣ ҷон ҷои ман. Шоҳаншаҳу Худои ман, Меҳри Ту бепоён бувад. // Ман огаҳ аз анҷоми худ; Ту бо баҳои ҷони Худ Кардӣ маро аз они Худ, Дилдори ҷонони манӣ. // Дидам муҳаббатҳои Ту, Дорам хаёлу фикри Ту. Ман зиндаам барои Ту, Меҳри Ту бошад ҷовидон. //Tu es le Maître Аллилуйя Иисус живой Магтан дуулъя миний сүнс ээ Keď viem, čo Ježiš pre mňa vykonal Гел, Раб Иса, Гел Il mio Supereroe Дар шаъни Худои худ ҳамеша Açılın Eski Kapılar Lord Jesus Christ, Very Word of God Isa - meniń Táńirim,
Song not available - connect to internet to try again?