Худоеро таборак бихон ту, эй солик, Ки додааст ба ту ақлу илму доноӣ. Ба нотавоният огоҳ буда аз оғоз, Ба тан намуда туро ҷомаи тавоноӣ. Зи осмону замину фалак баландтар аст Худои мо, ки мунаввар бувад ба нури ҷалол. Чу хоҳад ар бикунад коре, метавонад Ӯ, Расида дасти тавоноияш ба авҷи камол. Дили фақири ситамдидаро ба даст овар, Худост дар пайи таскини дарди марди ҳақир. Аҷаб мадор, агар ӯро зи хок бардорад, Нишонадаш ба канори яке гузида амир. Худои Қодири мутлақ агар ирода кунад, Падид оварад аз ҳеҷ зинда ҷоне чанд. Зи фазли қудрати Ӯ дар дами куҳансолӣ Зани нозой шавад соҳиби яке фарзанд. Тамоми рӯзу шаб ар мадҳи номи Ӯ бикунам, Ҳанӯз кам буваду ҳаққи Ӯ адо нашавад. // Ба саҷда сар бигузорам агар тамоми умр, Кифоятам накунад, то ки ҷон фидо нашавад. //Больше всего хранимого أنا مطمن وأنا وياه مستنيك E paşte sfânt în sinagogă نمشي معاً sạybyn ạldnyạ Теңир жаныңа мени алып бар bnlạqyk wsṭ ạlmṣạʿb بصوتي إلى الرب أصرخ К жизни один лишь путь
Song not available - connect to internet to try again?