Гар лутфи Худо набуд бар мо, Селоб рабуда буд моро. Душман чу паланги тездандон Тороҷ намуда буд моро Тороҷ намуда буд моро Душман, ки ба қатли мо камар баст, Дар куштани мо чӣ нотавон гашт. Бишкаст Худо ду бозуи ӯ, Шармандаи мардуми ҷаҳон гашт. Чун мурғи зи дом вораҳида, Ҷонҳои азобдидаи мо. Эмин зи ҳароси марг гашта Ин ҷисми ситамкашидаи мо Ин ҷисми ситамкашидаи мо Сад бор муборакат бихонем, Эй Мунҷии ҷони мо, Худоё. Гар дасти муқаддасат намебуд, Буд тира ҷаҳони мо, Худоё. Ту Холиқи кулли олам ҳастӣ, Дорем ба Ту таваккал аз ҷон. Орем ба ҷо иродаатро, Ҳастем ҳамеша таҳти фармон Ҳастем ҳамеша таҳти фармонВСРЕД СВЕТЛИНА Come piccoli fanciulli ạ̉nạ ạlrb Cand in zare se iveşte كنت فاكر Менинг Умидим Сен - Раббим I Учи ме пътя Си Вот полна плотской отрады Хер Шей О'нун Ичин Aw Hukdampa!
Song not available - connect to internet to try again?